Сокини ноҳияи Файзобод А.Зоировро, ки қаблан барои дуздӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст,  Суди олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф карда шудааст.

“Маҳкумшуда 12 декабри соли гузашта бо мақсади куштор ва азхуд намудани амволи собиқ ҳамсараш ӯро гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои шаҳраки Файзобод даъват намуда, ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ мебарад ва ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, ӯро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст”, - омадааст дар маълумоти Проккуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, сипас Зоиров бо руймоли сари зан гулӯи ӯро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намуда, маблағи 5010 сомонӣ, ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷом мард ҷасади занро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар бораи сабаби розӣ шудани зан ба сайругашт бо собиқ ҳамсараш бо маблағи пулии калон дар киса маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.