Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марде хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод қасд доштааст бо роҳи қочоқ ба Русия 180 тангаи қадимаи дорои арзиши бостонию осорхонавиро интиқол бидиҳад.
Аз ин мард, сокини 48-солаи ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан ёд мешавад, ки 4-уми июни соли 2021, зимни сафар бо парвози хатсайри Хуҷанд-Иркутск боздошт шудааст.
Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки “дар асоси хулосаи мутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд”.
ВКД мегӯяд, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла қонун “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ маън карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
Ҳоло ба иттилои ВКД ҳодисаи мазкур таҳти тафтиш ва таҳқиқ қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста