Суди Маскав муҳлати ҳабси Амиршо Ҳусейнови 21-соларо, ки пас аз занозанӣ бо скинхедҳо ё худ миллатгароҳои рус боздошт шуд, ду моҳи дигар тамдид кард. Ӯро дар авбошӣ муттаҳам медонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.
“Мо аз ҷониби сафорат адвокат пешниҳод кардем, лекин пайвандони Ҳусейнов дигар адовокат киро кардаанд. Ин парвандаро зери назорату пайгирӣ дорем. Дар нотаи ба унвони ВКХ Русия фиристодаамон тафтиши мунсифонаи қазияро талаб кардем”, - иброз дошт сафир.
Ба гуфтаи сафир, Амиршо Ҳусейнови 21-сола зодаи шаҳри Паҷакенти вилояти Суғд мебошад.
“Дар ҳоли ҳозир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дигар иштирокчиёни ҷанҷолу занозаниро ҷустуҷӯ доранд”, - хабар дод Сатторов.
Ёдрас мекунем, ки ин муноқишаву сипас ҷанҷолу занозанӣ шоми рӯзи 23 июн рух дод. Як гуруҳ скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда, одамони дигар миллатҳоро таҳқир мекарданд.
Дар натиҷа ҷанҷол рух медиҳад, ки дар он як гурӯҳ шаҳрвандони Доғистон ва шаҳрванди Тоҷикистон вориди даргирӣ мешаванд. Ҷанҷол аввал “як ба як” сурат гирифта, сипас оммавӣ мешавад.
Пулис ҳангоми боздошти ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон, Амиршоҳ Ҳусейновро низ боздошт кард.
Рӯзи 29 июн сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нота фиристода, тафтиши мунсифона ва шаффофонаи қазияро талаб намуд.
Дипломатҳои тоҷик ба гуфтаи сафир, бо кормандони Кумитаи тафтишот ҳодисаро баррасӣ намуда, дар ҷаласаи якуми суд, ки 28 июн доир гардид, иштирок карданд.
Валентина Чупик, ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Facebook доир ба ин ҳодиса хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, миллатгароҳои ҷавонро баъди чанде раҳо карда, лекин нисбати “онҳое, ки зидди миллатгароӣ садо баланд карданд, мутобиқи моддаи 213 Кодекси ҷиноятии ФР (Авбошӣ) парвандаи ҷинятӣ боз шуд”.
Гуфта мешавад, Амиршо Ҳусейнов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и бузургроҳ (шоссе)-и Рублёвское нигаҳдорӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста