Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов (Абдураҳмон 09) 6 сол равонаи зиндон шуд. Аз ин пештар, додситон барои ӯ 7 соли зиндонро хоста буд. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз рафти мурофиаи нахустини додгоҳӣ, ки имрӯз, 7-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд, хабар медиҳад.
Додситон Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кардааст, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи "Гурӯҳи 24" ва наҳзати исломӣ тарафдорӣ карда, дар "Ютуб" дар зери наворҳои писараш "Абдураҳмон 09" ва "Ислоҳ+" муқобили сохтори давлатии Тоҷикистон шарҳ навиштааст.
Ба навиштаи манбаъ, Шоҳида Маҳмадҷонова гӯё баъди моҳи майи соли 2021 ду бор дар "Ютуб" комментҳои зиддиҳукуматӣ навиштааст. Аз ҷумла, як шарҳи ӯ дар рӯзи президент навишта шудааст ва дар он ӯ дар нисбати раҳбарияти олии кишвар ҳарфҳои таҳқиромез гуфтааст.
Шоҳида Маҳмадҷонова дар мурофиаи додгоҳӣ худро гунаҳкор ҳисоб намуда, гуфтааст, ки аз кардааш пушаймон аст.
Шоҳида Маҳмадҷонова афзудааст, ки моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки бародарашро ба хотири хоҳарзодааш "Абдураҳмон 09" аз кор рондаанд.
Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай ҳамчунин афзудааст, ки дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар хариди либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар "Ютуб" навишт.
Вакили дифои Шоҳида Муҳаммадҷонова аз додгоҳ хост, ки бо назардошти пушаймон будани зерҳимояти ӯ, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.
Ба нақли пайвандонаш, Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-сола рӯзи 3-юми феврал ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат даъват шуд ва дигар ба хона барнагашт. Мақомот давоми панҷ рӯз боздошти ӯро тасдиқ ё рад намекарданд. Ин кор нигаронии пайвандони Маҳмадҷонова ба миён овард. Пайвандони ӯ бо фиристодани нома ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен хостаанд, макони нигоҳдории ӯро ошкор кунанд. ВКД шоми 8-уми феврал дастгир шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ кард.
Мақомот то кунун дар бораи ҷузъиёти айбнома маълумот надодаанд. Вале манбаъҳои огоҳ аз парванда бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои “Озодӣ” гуфтаанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҷараёни тафтишот айбномаро пазируфтааст. Яъне эътироф кардааст, ки бо созмони мамнуи “Гуруҳи 24” ҳамкорӣ доштааст. Далели чунин ҳамкорӣ гӯё аз телефони дастии ӯ дарёфт шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ин телефон, ба гуфтаи наздиконаш, чанд моҳ дар дасти корманди умури дохилӣ буд.
Гуфта мешавад, ин ҳам маълум нест, ки эътирофи Маҳмадҷонова таҳти чӣ шароите сурат гирифтааст.
Худи блогер Шерзод Маҳмадҷонов қаблан дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” изҳор намуда буд, ки афроди наздик ба ҳукумат шартҳои озодии модарашро гуфтанд ва ҳама чиз ба ӯ рабт мегирад.
Парванда ба Шоҳида Маҳмадҷонова аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Абдураҳмон 09” фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста