КормандониАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду корманди ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд.
Тавре ки дар сомонаи расмии Агентӣ хабар дода мешавад, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоат Ҳақназар Саъдуллоев дар ҳамдастӣ бо муовини раиси ҷамоат Зокирҷон Гулмуродов аз як шаҳрванд барои кумак ҷиҳати омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин 13 ҳазор сомонӣ пул талаб кардаанд.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Саъдуллоев баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи 13 ҳазор 000 сомонӣ дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, - хабар медиҳад Агентӣ.
Гуфта мешавад, нисбати Саъдуллоев ва Гулмуродов мутобиқи моддаи 247, қ.4, б. “б” - Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Мутобиқи ин модда, онҳо дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста шуда, ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 64 сомонӣ) - аз 93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима ё ба муҳлати аз 8 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.