Сокини 28-солаи пойтахт барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба кормандони БДА ва дашному ҳақорат додани онҳо дастгир гардида, 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, кормандони бозрасӣ ҳангоми фаъолият дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-гелендваген», мутааллиқ ба Шаҳром Убайдзодаи 20-сола барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протокол тартиб додаанд.
- Дар ҳамин лаҳза бародари номбурда Идибек Убайдови 28-сола тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари беэҳтиромӣ нисбати кормандони бозрасӣ, ҳамзамон онҳоро бо алфози қабеҳ дашном додааст, - гуфта мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, нисбат ба Идибек Убайдов барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷазои 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин шуд.
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста