Мақомоти Русия ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Эҳсон Аминзодаро, ки ба ҳамла ба тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, ба пайвандонаш додаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Дирӯз, 23-юми ноябр, ду хешованди Эҳсон Аминзода, ки дар Русия қарор доранд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки “ҷасадро ду рӯз пеш гирифтанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мефиристанд”.

“Дар деҳаи Заргари ноҳияи Кушониён, зодгоҳи Эҳсон Аминзода, низ тасдиқ карданд, ки мунтазири расидани тобут ҳастанд”, - навиштааст ин расона.

Қаблан наздиконаш ба ин расона гуфта буданд, ки “Эҳсон Аминзода ният дошт, кор кунаду бо духтари дӯстдоштааш оила барпо кунад, аммо рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав "гум шуд" ва хабари маргаш 16-уми октябр расид”.

Ёдовар мешавем, ки 15-уми октябр расонаҳои Русия оид ба тирпарронӣ ва кушта шудани чандин нафар дар тамрингоҳи Белгород, ки онҷо нерӯҳои иловагиро барои сафарбарӣ ба ҷанги Украина омода мекарданд, хабар доданд.

Баъдтар гуфта шуд, ки Эҳсон Аминзода бо як ҳамроҳаш гуё дар заминаи эҳсосоти динӣ ба ҳамяроқони худ ҳамла карда, 11 нафарро куштанд ва 15 каси дигарро захмӣ карданд.

Пайвандони Эҳсон Аминзода пайваста таъкид мекунанд, ки ӯро иҷборан ба артиш ҷалб кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол дар ин маврид шарҳе ироа накардаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.