Вазири корҳои дохилии Русия дастур додааст, ки минбаъд назорат аз болои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, додани санади иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош пурзӯр карда шавад. Ӯ ҳатто таъкид кардааст, ки нафарони ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдидкунандаро аз шаҳрвандии Русия маҳрум намоянд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Назорат ҳангоми қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, инчунин ҳангоми додани иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош, аз ҷумла дар робита ба тағйири маълумот ва мавҷудияти мамнӯъияти вуруд ба Русия бояд пурзӯр карда шавад”, - гуфтааст Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия.

Ӯ гуфтааст, барои муайян кардани шахсоне, ки аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ саркашӣ мекунанд, чораҳои иловагӣ андешида шуда, афроде, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, аз қаламрави кишвар хориҷ карда шаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандии онҳо бекор карда шавад.

Бояд гуфт, ин изҳороти вазири корҳои дохилии Русия пас аз ба иҷро даромадани тағйироти воридшуда ба Қонуни Русия “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” аз 26-уми октябр садо медиҳад.

Қонкуни мазкур ба татбиқи пайвастаи консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2019-2025 нигаронида шуда, принсипҳои асосии шаҳрвандии Русияро муайян мекунад.

Дар асоси тағйироти нави воридшуда ба қонун, ҳамаи шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандии онҳо баробар буда, ҳеҷ кас ҳуқуқи маҳрум кардани ӯро аз ҳарвандӣ надорад ва ҳамчунин, ҳуқуқи ӯро барои тағйири шаҳрвандӣ лағв карда наметавонад.

Шаҳрванди Русия берун аз ҳудуди кишвар зиста, шаҳрвандиаш қатъ намешавад ва шаҳрванди Русия наметавонад аз қаламрави Русия хориҷ ё ба давлати хориҷӣ истирдод карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.