Милитсияи пойтахт як ҷавондухтари 22-соларо боздошт кардааст, ки бо ваъдаи фиристодан ба маросими адои Ҳаҷҷи умра аз беш аз 200 нафар 500 - 700 доллар маблағ гирифта, фиреб додааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як навор аз ин духтар Давлатова Шоира Муҳиддиновна, сокини 22-солаи шаҳри Ваҳдат ном бурдааст.
Ин ниҳод нагуфтааст, ки дар маҷмуъ Шоира Давлатова аз беш аз 200 нафар чӣ миқдор маблағ гирифтааст, танҳо ишора мешавад, ки аз қисме 500 доллар ва аз дигарон 700 доллар гирифтааст.
Дар гузориш зикр мешавад, ки Шоира Давлатова бо номи Неъмат ва Самира ҳаммаслак низ дорад ва онҳо ҳатто хешовандони худро фиреб карда, маблағ гирифтаанд ва бар ивази ҳар як нафар аз Шоира Давлатова 100 доллар ҳақмузд мегирифтанд.
Онҳо дастгир гардидаанд ё не маълум нест.
“Номбурда (Шоира Давлатова, дар назар аст-муаллиф) аз зудбоварии мардум истифода бурда, ваъда кардааст, ки бо пардохти 500 доллари ИМА гӯё аз ҳисоби фонди хайриявии мавҷуднабудае шаҳрвандонро ба ҳаҷ мебарад”, - омадааст дар гузориши РВКД-и пойтахт.
Дар идома гуфта мешавад, ки ба хотири ба даст овардани боварии мардум, дар оғоз якчанд нафарро бо пардохти 500 доллар (боқимондаашро худ пардохт кардааст) ба ҳаҷ бурдааст.
Дар гузориш худи Шоира Далатова иқрор мешавад, ки аз аҳолӣ барои ба ҳаҷ фиристодан 5 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст. Ӯ нагуфтааст, ки аз чанд нафар чунин маблағро гирифтааст.

Маълум нест, ки ҳарфҳои ӯ таҳти чӣ шароите сабт гардидааст.
Чанд нафар худро ҷабрдида номида, нақл мекунанд, ки ба воситаи дӯстону шиносҳояшон дар бораи Шоира Давлатова огоҳ шуда, барои рафтан ба ҳаҷ маблағҳои калон додаанд, вале ба ҳаҷ нарафтаанд.
Милитсияи пойтахт мегӯяд, ки баъзеҳо ба ваъдаҳои Шоира Давлатова ба ҳадде бовар кардаанд, ки бо нияти ҳаҷ бо наздикону пайвандонашон хайрухуш карда, барои сафар ба Арабистон то фурудгоҳ омааданд, вале фиреб хӯрдаанд.
Назари наздикон, вакили дифоъ ва худи Шоира Давлатова дар робита ба айбҳое, ки милитсияи пойтахт мегӯяд, маълум нест.
Ба иттилои РВКД Душанбе ҳоло Шоира Давлатова дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бар зиддаш барои қаллобӣ ё моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, даст доштани ӯ дар дигар амалҳои қаллобӣ таҳқиқ мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба зиёрати Ҳаҷи фарзӣ ва умра ҳазорон нафар сафар мекунанд. Онҳое, ки ҳаҷи фарзӣ мераванд дар асоси квотаи ҷудокардаи Арабистон мераванд. Вале давоми сол ҳазорон нафар ба воситаи ширкатҳои алоҳида мустақиман ба ҳаҷ мераванд, ки дар ин миён ба қаллобон низ рӯбарӯ мешаванд.
Мақомот ҳам дар бораи дастгир кардани қаллобон, ки аз мардум барои фиристондан ба ҳаҷ маблағ гирифта, онҳоро равон намекунанд, хабар медиҳанд. Аз ҷумла чанде онҳо то ҳол дар ҷустуҷӯянд.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста