Комилҷон Мирзобадалзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи даъват ба артиш дар ноҳия буд, бо иттиҳоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ пора боздошт шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки ӯ рӯзи 18-уми апрели соли равон дар асоси шикояти шаҳрванд А.С. (ному насабаш гуфта намешавад) ҳангоми гирифтани пора дар дохили мошинаш дастгир гардида, маблағ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Мирзобадалзода барои озод кардани фарзанди А.С. аз хидмати ҳарбӣ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ин ҷавон ҳоло дар Русия қарор доштааст.
“...дар натиҷаи гузаронидани амалҳои зарурӣ Мирзобадалзода К.М. дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи И.Сомонӣ баъди аз шаҳрванд А.С. гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар дохили автомашинааш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, - гуфтааст Оҷонсии зидифасод.
Ин ниҳод мегӯяд, бар зидди муовини раиси ноҳияи Шаҳритус ба иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор (қисми 2-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда кушода, ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ба ӯ аз 394 ҳазору 200 сомонӣ то қариб 920 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз се то ҳафт сол зиндон таҳдид мекунад.
Назари нафари боздоштшуда ё вакили дифои ӯ дастрас нест.
Боздошти раиси комиссияи даъват ба артиши ноҳияи Шаҳритус дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ ҷараён дорад ва то охири моҳи майи соли равон идома мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар гузашта ҳам оид ба боздошти чанде аз кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва комиссияҳои даъват дар назди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо барои озод кардани даъватшавандагон аз хидмати ҳарбӣ бар ивази гирифтани пора хабарҳо нашр шуда буд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста