Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 3 амали террористӣ ва 2 ҳолати сӯиқасд ба терроризм ошкор карда шудааст. Ба иттилои ӯ, амалҳои террористӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ пешгирӣ карда шуд.
Аммо Абдураҳмон Аламшозода тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани амалҳои террористиро ифшо накард. Ҳамин тавр, маълум нест, ки дар робита ба ин амалҳои террористии ошкору пешгиришуда чанд нафар боздошт гардидааст.
Ӯ танҳо гуфт, дар ин муддат 95 ҳолати маблағгузорӣ ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта шуда, 43 ҳолати он ошкор ва 39 нафар дастгир гардидаанд. Маблағи умумии маблағгузорӣ ба терроризм 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ҳамчунин, дар ин давра 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор карда шудааст. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 582 ҷинояти террористӣ ва экстримистӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра, 226 аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир гардида, инчунин, 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ихтиёран ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.
Дар натиҷаи доир кардани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар умум 1 ҳазору 589 аъзои равия ва созмону ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни амалиёти мусаллаҳона аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.
Соли ҷорӣ дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҷмуъ, 7 оила дар ҳайати 29 нафар, ки шомил ба гурӯҳҳои экстремистӣ буданд, аз давлатҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои хориҷӣ бо ташабуси мақомот ба ватан баргардонида шуданд.
Дар умум, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ВКД 1 ҳазору 381 нафар, ки барои ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир карда шуданд. Аз ҷумла, тавассути “Интерпол” 44 нафар, ки дар хориҷи кишвар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир гардида, 22 нафари онҳо аллакай ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд. Истирдоди 22 нафари дигар дар ҳоли баррасӣ аст.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста