Пулиси пойтахт ду нафарро бо иттиҳоми одамкушӣ дар соли 1992 боздошт карда, гуфтааст, онҳо барои қатли роҳбари Корхонаи коркарди нуриҳои минералии ноҳияи Ёвон гумонбаранд.
Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД Душанбе), аввали моҳи декабри 1992 Фахриддин Назаров, соли таваллудаш 1967 ва Ашур Намозов, соли таваллудаш 1960, ҳарду сокинони ноҳияи Ёвон ба ҷинояти одамкушӣ даст задаанд.
Гумонбаршудагон Хоҷаев Исломи он замон 48-сола ва ба гуфтаи манбаъ, роҳбари корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ дар ноҳияи Ёвонро аз манзили истиқоматиаш рабуда, бо автомати тамғаи “Калашников” ба ҳалокат расонида, мошини ВАЗ – 23 06-ро тасарруф намудаанд.
РВКД Душанбе гуфтааст, ки тӯли 32 сол гумонбаршудагон имкон доштанд, ки ба ҷинояти содиркардаи худ иқрор шуда, гуноҳи худро сабук созанд, вале ҳозир ба ин кор нашудаанд.
Ҷинояти мазкур аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор шудааст ва гумонбаршудагон дар навор иқрор гардидаанд, ки ҷинояти мазкурро содир кардаанд.
Аммо маълум нест, ки иқрори онҳо таҳти кадом шароит гирифта шудааст ва назари пайвандонашон ҳам ба мо дастрас нест.
Ҳоло нисбати Фахриддин Назаров ва Ашур Намозов бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва гуфта мешавад, ки тафтишоти парванда дар Додситонии куллии Тоҷикистон идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли равон додситонии вилояти Хатлон якҷо бо гурӯҳи фаврии ВКД ва зерсохторҳои он дар вилоят 4 ҷинояти кушору ғоратгарии солҳои пеш содиршударо ошкор кард ва муттаҳамонро ба додгоҳ супоридаанд.
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста