Кумитаи байналмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки фавран ба рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки саломатиаш дар ҳабс бад шудааст, ёрии тиббӣ расонанд.

Рӯзи 11-уми сентябр наздикони Пирмуҳаммадзода хабар доданд, ки вазъи саломатии ӯ дар маҳбаси низомаш сахти Душанбе бад шуда, ӯро ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба "Кирпичный", интиқол додаанд.

CPJ, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, рӯзи 12-уми сентябр дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) изҳор дошт, ки аз 6 моҳ дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) будан ва бад шудани саломатии Пирмуҳаммадзода нигарон аст.

“Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ки барои табобат гирифтани рӯзноманигор фавран мусоидат кунанд”, - омадааст дар вокуниши CPJ.

Ин созмон, ки сарнавишти рӯзноманигоронро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бегуноҳ мешуморад ва қаблан аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ӯро озод кунанд.

То имрӯз мақомоти Тоҷикистон ба хабари бад шудани вазъи саломатии рӯзноманигор ва вакуниши ин созмони байналмилалӣ расман вокуниш накардаанд.

Чанде пеш Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд маҳкум буд, ба маҳбаси низомаш шадиди Душанбе интиқол ёфт. Наздиконаш танҳо пас аз бемор шудан ва ба бемористони зиндон бурда шуданаш аз ҳоли ӯ огоҳ шудаанд.

Нурмуҳаммад Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аҳволи бародараш “бениҳоят вазнин” аст.

Ба гуфтаи ӯ, талхадони бародараш пур аз санг шуда, аз кор мондааст ва ӯро доимо дард азият мекунад. Ин навъи беморӣ дар беморхонаҳои Душанбе бо усули “лазерӣ” табобат мешавад, ки бидуни ҷарроҳӣ сурат мегирад, вале дар зиндон чунин имконият мавҷуд нест.

Ба гуфтаи бародараш, дар зиндон ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки метавонанд бо роҳи чок кардани бадан талахдони ӯро бигиранд, вале хабарнигор ба чунин навъи ҷарроҳӣ розӣ нашудааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, бояд хабарнигори зиндониро ҷарроҳӣ кунанд, аммо духтурон гуфтаанд, ки ҳоло вазъияташ хуб нест ва қувваи ҷисмонияш барои ҷарроҳӣ намерасад.

Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд. Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли охир Тоҷикистон дастикам 10 рӯзноманигор, аз ҷумла Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Аҳмади Иброҳим, Рухшона Ҳакимова ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуда, ҳоло адои ҷазо мекунанд. Онҳоро, аз ҷумла, ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор кардаанд. Худи рӯзноманигорон ва хешовандонашон ин айбҳоро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.