Дар 10 моҳи соли равон беш аз 2076 ҳолати ифлоскунии ҳаво, аз ҷумла тавассути сӯзонидани хазон ошкор гардидааст. Дар робита ба ин 2137 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, қонуншиканҳо ҷарима шуданд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо нашри як огоҳинома гуфтааст, ки сӯзонидани партову барги дарахтон қатъиян манъ буда, барои ин кор муҷозот пешбинӣ гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар раванди сӯзонидани хазонҳо моддаҳои заҳрнок ҳосил гардида, ба муҳити атроф паҳн мегардад ва ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, беморони роҳҳои нафас ва дилу рагҳо аз ин ҳолат ранҷ кашида, ҳолаташон метавонад бад гардад.
Манбаъ таъкид дорад, ки барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои хазонсӯзӣ дар кишвар фаъолияти нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист пурзӯр гардида барои сокинон дар тартиби дурусти нобудсозии хазонҳо тавсияҳо медиҳанд.
Тибқи моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои дар ҷойҳои манъшуда сӯзонидани партов ё барги дарахтон (хазон) аҳолӣ аз 375 то 750 сомонӣ (аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, 1 нишондиҳанда 75 сомонӣ дар солои 2025) барои мансабдорон аз 2625 то 3375 (аз 35 то 45 нишондиҳанда) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 11250 то 15 ҳазор сомонӣ (аз 150 то 200 нишондиҳанда) ҷарима мешаванд.
Бо фаро расидани фасли тирамоҳ, сокинони кишвар барги дарахтонро ҷамъоварӣ карда, аксаран месӯзонанд, ки боиси нигаронии мақомот ва бархе аҳолӣ мешавад. Мақомот солҳои гузашта ҳам сокинонро огоҳ карда буданд, ки хазонҳоро насӯзонанд ва тибқи қонунгузорӣ сӯзонидани он дар пай ҷавобгарӣ дорад.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста