Мақомоти Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷарима ва муҷозот 415 млн сомонӣ ба буҷети кишвар ворид кардаанд. Ин нақша нисбат ба интизорие, ки ҳукумати кишвар дошт, қариб 50% бештар иҷро шудааст.
Тибқи ҳисоботи Вазорати молияи Тоҷикистон оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои 9 моҳи соли 2025, дар ин муддат ба буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳо бояд 281,1 млн сомонӣ ворид мешуд.
Аммо даромади буҷет аз ин сарчашма 415 млн сомонӣ ё 147,7% нақшаро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 88 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷет 327,3 млн сомонӣ ва дар нуҳ моҳи соли 2023-юм аз ин ҳисоб 244,3 млн сомонӣ ворид шуда буд.
Аз рӯйи омори расмӣ, ҳар рӯз ба буҷети давлат аз ҳисоби ҷаримаву муҷозот ҳудуди 1,5 млн сомонӣ ворид шудааст.
Афзоиши даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо дар ҳолест, ки аксари шаҳрвандон аз ҷаримаҳои ҳангуфт шикоят мекунанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ, ҷарима барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим, қонуншиканиҳо вобаста ба идораи воситаи нақлиёт ва ғайра сангин шуда буд.
Дар Тоҷикистон музди меҳнати миёна дар моҳи январи соли 2025-ум 2661 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ба таври назаррас кам аст. Бо назардошти ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тадриҷан ба низоми ҷаримаҳои мутаносиб гузарад, ки тибқи он маблағи ҷаримаҳо вобаста ба даромади шаҳрвандон таъин карда шавад.





Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста