Дар изҳороти пахшнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Эстония зикр мегардад, ки вазорати мазкур дар ҳамдастӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва Русия пайи ҷустуҷӯйи қарори қобили қабул оид ба халабонони дар Тоҷикистон маҳкумшуда аст.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА «Новости»,  дар изҳорти Вазорати умури хориҷии Эстония гуфта мешавад, дар сурати мавҷуд будани созишномаи дахлдор миёни кишварҳо, шаҳрвандони Эстония ба адои мӯҳлати ҷазо дар маҳбаси Эстония ҳуқуқ доранд.

«Ҷараёни баимзорасии чунин созишнома миёни Эстонияву Тоҷикистон соли 2009 оғоз гардида, мо бо ҳукуматдорони Тоҷикистон бобати ҳарчи зудтар ба тасвиб расидани он ҳамеша дар тамосем», - омадааст дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, бо такя ба хабари телевизиони Эстония, ВАО-и Русия иттилоъ медиҳанд, ки модари халабон Алексей Руденкои 78-сола аз он изҳор  нигаронӣ кардааст, ки дигар ба дидори фарзандаш расида наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум карда, бо истифода аз қонуни афви Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду солӣ кам – то ҳаштунимсолӣ таъин кард.