Бо ташаббуси Русия сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Абдулмаҷид Достиев бо котиб, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Георгий Карасин мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар дод, ҳалли қобили қабули мушкилоте, ки дар муносиботи дуҷониба рӯйи кор меоянд, аз масоили меҳварии мулоқот маҳсуб меёфт.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба пайдо намудани роҳи ҳалли барои тарафайн қобили қабули мушкилоти марбут ба маҳкум шудани халабони русиягӣ Алексей Садовничий дар Тоҷикистон манфиатдорӣ зоҳир сохтанд.

«Ҷониби Русия сафири Тоҷикистонро мӯътақид сохт, ки маъракаи ихроҷи муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия ба ҳеҷ ваҷҳ ба қазияи маҳкум шудани халабони русиягӣ вобаста нест», - афзуд манбаъ.