Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба шаҳри Маскави Федератсияи Россия сафар кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давдат хабар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, Вазири адлия Бахтиёр Худоёров, Муовини котиби Шӯрои амният Акрам Амонов, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Зарипов ҳамроҳӣ мекунанд.
«Дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масоили такмили фаъолияти созмон, густариши ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва иттилоотӣ, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм мавриди баррасӣ қарор мегирад», - иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА «Новости».
Қобили зикр аст, ки дар нишасти мазкур раёсат дар СААД аз Белорус ба Қазоқистон мегузарад. Ҳамчунин қабули изҳорот оид ба масъалаи таҷлили 10-умин солгарди таъсиси созмон ва 20-солагии имзои Шартномаи таъсиси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар назар аст.
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.




Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста