Дар ҷаласаи фавқулодаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 8-уми март доир гардид, вазъи сиёсии кишвар, хатарҳои ба вуҷудомада ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ Баёния қабул гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «боиси таассуф аст, ки дар ин марҳала иқдомҳо ва тасмимҳои иштибоҳии мақомоти давлатӣ омили аслии пайдоиши ин хатарҳо гаштаанд. Бахусус, аз тарафи ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ эҷоди рӯҳияи бадбинӣ ва душмантарошӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа амали мухолиф ба Конститутсия, Созишномаи сулҳ ва Санади ҳамдигарбахшӣ буда, пояҳои давлатдории миллӣ ва эътимоди нерӯҳои сиёсии кишварро аз байн мебарад».

«Бинобар ин, Раёсати олии ҲНИТ аз Роҳбарияти кишвар талаб менамояд, ки дар ин марҳалаи ҳассос масъулияти худро пеши миллати тоҷик ва аҳду паймонҳои тарафайн дар Созишномаи сулҳ эҳсос намуда, чораҳои лозимиро баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳо, фишорҳо ва амалҳои дигари иғвобарангез алайҳи ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ биандешад. Агар мақомоти давлатӣ даъво доранд, ки барномае ё санаде дар ин маврид ба тасвиб нарасидааст, лозим аст, ки онро дар амал исбот намоянд», - таъкид мегардад дар Баёния.

Дар идома зикр мегардад, ки «қаблан ҲНИТ дар пайи бӯҳронӣ шудани вазъи кишвар пешниҳод намуда буд, ки ҳокимият ҳарчи зудтар ислоҳоти ҷиддиро оғоз намояд. Мутаассифона, ба ҷойи ислоҳи вазъият, мақомот фишори худро болои ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар карда, бӯҳронҳоро амиқтар менамояд. Ин баёнгари омода набудани қисме аз масъулин ба ислоҳот ва муколамаи миллии пешниҳодшуда мебошад».

«Раёсати олии ҲНИТ аз аъзо ва ҷонибдорони худ ва ҳар нафаре, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барояш азиз аст, даъват менамояд, ки баҳри ҳифзи ин арзишҳо фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва бародариро дар ҷомеа таҳким бахшанд», - зикр мегардад дар Баёния.

Ҳамчунин дар Баёния гуфта мешавад, «новобаста аз бархурд ва муносибати дигарон ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҲНИТ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ итминон медиҳад, ки ба аҳду паймони худ нисбати тамоми меъёрҳо ва арзишҳои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ содиқ мондааст ва хоҳад монд».