Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Али Акбар Солеҳӣ, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вохӯрӣ намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, бахусус ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди ду кишварро дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, аз ҷумла дар самти иҷрои тарҳи нерӯгоҳи обию барқии “Сангтӯда-2”, сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол”, лоиҳаи пайвастшавии роҳҳои оҳани Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Хитой, муҳим арзёбӣ карданд.
Вазир Ҳ. Зарифӣ зарурати афзоиши ҳаҷми гардиши моли миёни ду давлат, ҷалби сармояи эронӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, рушди ҳамкориҳои техникӣ дар бахши саноати кишоварзӣ ва сиёсати молиявиро таъкид сохт.
Ҳамчунин, Ҳамрохон Зарифӣ иброз дошт, ки дар ҳошияи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷики фанҳои дақиқ, хосатан ҳандаса, тиб, геология ва ғайра, ҷавобгӯи эҳтиёҷоти Тоҷикистон мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Эрон дар чорабиниҳои идонаи Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва кори Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштироки фаъол хоҳад кард.
Дар рафти музокирот инчунин доир ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста