Пешгӯйиҳои чанде аз таҳлилгарони бахши молиявӣ ва коршиносон дар хусуси ба соҳибистиқлолии кишвар ва амнияти миллии он таҳдид доштани ҷалби қарзҳои зиёди хориҷӣ асоси воқеӣ надоранд, - мегӯяд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талбаков.

Ба андешаи вай, дар ҷаҳони муосир давлате вуҷуд надорад, ки барои амалисозии баъзе лоиҳаҳо дар қаламраваш аз сармоягузорони хориҷӣ қарз нагирифта бошад.

«Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии ИМА аз 14 триллион доллар боло рафта, қарзи Юнон беш аз 120% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро ташкил медиҳад, - иброз дошт вакил. – Аввали соли 2000 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон низ ба 120%-и ММД-и он баробар буд, аммо тайи 12 соли ахир ба туфайли сиёсати дурусти пуливу молии ҳукумат, ин вазъ рӯ ба беҳбудӣ овард ва имрӯз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ҳамагӣ 40-43%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад».

Коршинос мегӯяд, қарзҳое, ки Тоҷикистон тайи солҳои ахир мегирад, хусусияти истеъмолӣ надошта, истеҳсолианд. «Ин ба он кафолат медиҳад, ки қарзҳои гирифта ба рушди иқтисоди миллӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ равона гардида, саривақт баргардонида шаванд», - таъкид сохт И.Талбаков.

Вакил зикр кард, ки якчанд сол қабл дар Тоҷикистон  фонди стабилизатсионӣ таъсис дода шуд, ки пардохти қарзҳои хориҷии кишварро таъмин мекунад ва ин ҳам ба эътимоди ҷолибияти бозори кишвар мусодиат кард.

«Таваҷҷуҳ фармоед, ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аслан ба амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ равона шудаанд. Таври маълум, бахшҳои зикршуда хеле даромадноканд ва воситаҳои қарзии ба онҳо масрафшударо метавон базудӣ баргардонд, ки аз ин нукта сармоягузорони хориҷӣ низ бахубӣ огаҳанд», - афзуд И.Талбаков.