Сафари имрӯз пешбинишудаи президенти Тоҷикистон ба шаҳри Лондон доир намегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ сабаби аз сафар даст кашидани сарвари давлатро ба маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондон, ки пагоҳ доир мегардад, шарҳ дода натавонист.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, имрӯз дар шаҳри Лондон вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо дастаи олимпичиёни тоҷик пешбинӣ гардида буд.

Коршиносон сабаби аз сафари Лондон даст кашидани сарвари давлатро ба рӯйдодҳои ахир дар Хоруғ нисбат медиҳанд, ки дар он ҷо дар робита ба амалиёти низомӣ алайҳи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ то ҳанӯз вазъ муташанниҷ боқӣ мемонад.