Имрӯз намояндагони Тоҷикистон, ки дар мониторинги маъракаи интихоботи палумони Белорус иштирок мекунанд, ба шаҳри Минск раҳсипор гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маъракаи интихоботи парлумони Белорус аъзои КМИР Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси КМИР Раҷабмурод Ашӯров ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз ИДМ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми июли соли равон пешбарии номзадҳо ба маъракаи интихобот ба парлумони Белорус оғоз гардид. Маъракаи интихобот ба Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус, ки дар он аз ҳавзаҳои якмандатӣ 110 нафар вакилон интихоб мешаванд,  23-юми сентябр доир мегардад. Шумораи миёнаи интихобкунандагон дар як ҳавзаи интихоботӣ 64 ҳазору 594 нафарро ташкил медиҳад.