Ваколатҳои сафири вақти Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф ба итмом мерасад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, чанде қабл ба ин муносибат хонум Дорис Хертрампфро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарфӣ ба ҳузур пазируфта, бо ӯ мулоқоти хотимавӣ анҷом дод.

«Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон тайи чанд соли охир изҳор карда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён намуданд», - изҳор мегардад дар иттилои ВКХ ҶТ.

Зимнан зикр карда мешавад, ки ар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Доррис Хертрампф дар фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.