Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президент» дубора рад карда шуд.

Зимни суханронӣ дар ин робита роҳбари шуъбаи ҳуқуқии палатаи поёнии парлумон Усмон Охунов изҳор намуд, ки пешниҳодоти зикршуда ба шарҳу тавзеҳи гуногуни қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ боис мегарданд.

«Агар пешниҳоди иштироки намояндагони тамоми аҳзоб дар кори ҳамаи қитъахои интихоботӣ ба инобат гирифта шавад, ҳуқуқҳои созмонҳои ҷамъиятӣ поймол мегарданд, ки чун аҳзоби сиёсӣ бояд ба ҳайати комиссияҳои интихоботӣ шомил гарданд, вале ба иллати камшумории сафҳояшон ба истифодаи ин ҳуқуқашон имкон надоранд. Ғайр аз ин, аҳзоби камшумори кишвар, аз қабили Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ иштироки намояндагони худ дар ҳамаи қитъаҳои интихоботиро, ки маъмулан беш аз 5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, таъмин карда наметавонанд», - қайд кард Охунов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми майи соли равон вакилони МНМО ҶТ аз ҲНИТ бо супориши Шӯрои сиёсии ҳизб лоиҳаи «Ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба баррасии парлумон пешниҳод намуданд.

Тағйироти мазкур ба таъмини шаффофияти маъракаи интихоботи президенти кишвар дар тирамоҳи соли равон нигаронида шуда, вакилони ҲНИТ иштироки баробари намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ва ҳавзавиро пешниҳод карданд.

«Баҳайати комиссияҳои қитъавӣ шомил кардани намояндагони ҳизбҳо талаботи аввалиндараҷа ва муҳими вакилон аз ХНИТ аст, зеро дар тамоми маъракаҳои интихоботии қаблӣ мо дар қитъаҳо мушкилӣ доштем ва намефаҳмидем, ки овозҳои гирифтаи мо куҷо ғайб заданд», - таъкид доштанд дар ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки 21-уми январи соли равон низ дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» рад карда шуда буд.

Аввали моҳи феврал дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки намояндагони ҳизб дар парлумон баҳри қабули тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот» дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» баррасӣ шуданд.