Дар Тоҷикистон Эътилофи ҳимоят аз демократия ва ҳуқуқҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардиданд.

Тавре дар изҳороти Эътилоф зикр мегардад, таъсиси он ба он хотир рӯйи кор омадааст, ки «демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳти хатар қарор доранд».

«Ҷомеаи шаҳрвандӣ имкони бевоситаи иштирок дар умури идораи давлат ва ҷомеаро надорад ва қазияи марбут ба нияти як гурӯҳ аз тоҷирон баҳри таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» мисоли он аст», - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки Эътилоф бо мақсади ҷустуҷӯ, рушд, амалисозӣ ва таъмини мардум ба идораи умури давлат, густариши демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфта, барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиву шаҳрвандон узвият ба Эътилоф ихтиёриву озодона аст.

Дар назди Эътилоф инчунин Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он 13 нафар, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» шомил гардиданд.

Ҳайати Раёсати Эътилоф аз 9 нафар, аз ҷумла раиси Консорсиуми ҳуқуқӣ Раҳматилло Зойиров, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, намояндаи Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов, сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов, узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ Шодавлат Шонусайриев, раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова, Маҳадмурод Одинаев (падари маҳбус Маҳмурод Ризоев) ва Қирғизбек Канунов ҳамчун намояндаи ҷавонон иборат аст.