Аз рӯи натоиҷи гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбаев қабул шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони кишварҳо бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва иттифоқчигии Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиатҳои миллии ду давлат ҷавобгӯ буда, ба амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

«Тарафҳо саъйю кӯшиши муштаракро оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи арсаҳои фаъолият ба хотири таъмиқ ва баровардани он ба сатҳи баландтари шарикӣ идома хоҳанд дод.», - таъкид мегардад дар изҳорот, ки аз 14 банд иборат аст.

Дар зер чанде аз бандҳои муҳимро зикр менамоем:

- Тарафҳо тазаккур доданд, ки дар ҷодаи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории ду давлат ва фароҳам овардани ояндаи неки онҳо ба итмом расонидани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хеле муҳим мебошад. Дар ин робита Тарафҳо аҳамияти кори фаъолтари Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматиро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва эътимод, бо дарназардошти манфиатҳои ду ҷониб ва риояи усулҳои созиш кардану розигии мутақобила таъкид намуданд.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои низоию ҷанҷолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар Тарафҳо ба ҳукуматҳои давлатҳои худ супориш доданд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин созишномаи байниҳукуматиро дар бораи манъи сохтмон ва фаъолияти хоҷагӣ қад-қади хатти сарҳад то ба анҷом расидани раванди делимитатсия ва демаркатсия ва барасмиятдарории ҳуқуқии он мувофиқа ва имзо намоянд;

- Тарафҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкории стратегӣ оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика ва пешбурди сиёсати мувофиқашудаи обиву энергетикии ду давлат аҳамияти махсус медиҳанд;

- Тарафҳо ҳуқуқи комилу дахлнопазири давлатҳои худро ба рушди гидроэнергетика ба мақсади таъмини инкишофи устувори иҷтимоиву иқтисодӣ тазаккур медиҳанд. Тарафҳо таъкид мекунанд, ки дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим рушди гидроэнергетика - ҳамчун манбаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таҷдидшаванда - барои тамоми минтақа ҳаётан муҳим мебошад. Тарафҳо мавқеи ошкорову возеҳ ва созандаи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обу энергетика дар асоси усулҳои эҳтирому суди мутақобила таъйид менамоянд;

- Ҳамкориро дар соҳаи энергетика яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба эътироф намуда, Тарафҳо зарурати ҳамкории фаъолро дар доираи татбиқи амалии лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла лоиҳаи бунёди хатти минтақавии интиқоли нерӯи барқи Осиёи Миёна – Осиёи Ҷанубӣ «CASA-1000» таъкид намуданд;

- Ба хотири рушду тавсеаи тиҷорат ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки оид ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилӣ ва оҳан дар қаламрави худ ва ҳамчунин бо кишварҳои сеюм тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар ин иртибот, Тарафҳо муҳим будани фаъолгардонии корҳоро марбут ба анҷоми истиқрору навсозии роҳи мошингарди «Душанбе-Ҷиргатол-Қармиқ-Саритош», ки имкониятҳои иртиботии ду кишвар ба таври қатъӣ фаррох месозад, таъкид намуданд;

- Тарафҳо нисбат ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти марбута зоҳир намуданд;

- Тарафҳо нисбат ба мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, аҳамияти калони робитаҳоро миёни муассисаҳои таълимӣ, созмонҳо ва ходимони фарҳангу санъат, марказҳои илмиву тадқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум, густариши онҳоро дар бахшҳои варзишу сайёҳӣ таъкид карданд.