Субҳи имрӯз дар Бишкек зимни сафари расмӣ ба Қирғизистон президенти Тоҷикистон бо раиси парлумон ва нахуствазири Қирғизистон мулоқот орост.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба майдони Ғалабаи шаҳри Бишкек ташриф оварда, ба нишони эҳтиром ба арзишҳои миллию таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назди гулхании ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни мардуми ин кишвар гулчанбар гузошт ва хотираи онҳоро пос дошт.

Дар мулоқот бо раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Қирғизистон Асил Жеенбеков масоили таҳкими асосҳои сиёсию ҳуқуқии муносиботи ду кишвар ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Зимни вохӯрӣ бо нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар партави санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти ҳосилгардида баррасӣ шуд.