Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо сафири Португалия дар Русия Марио Годино Де Матос бо хоҳиши эшон мулоқот орост.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар доираи суҳбат масоили дурнамои ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Португалия баррасӣ гардиданд.  Сафири ин кишвар аз ҷумла гуфт, ки табодули таҷрибаи кишварҳои мо дар ҳалли мушкилоти минтақавии захираҳои обӣ метавонанд барои ҷонибҳо муфид бошанд.  Ӯ аз ҷумла дар бораи мушкилоти мавҷудаи баҳсноки миёни кишвараш ва Испания, ки дар натиҷаи муколимаи солим ҳалли худро ёфтааст, маълумот дод.  Бино бар суханони Сафир, 3 дарёи бузурге, ки аз аз қаламрави Португалия ҷориянд, хамагӣ аз Испания сарчашма мегиранд ва мушкилоти баҳсҳои обии миёни кишварҳо дар доираи ҳамоийиш дар Иттиҳоди Аврупо ҳалли мусолиматомези худро ёфтаанд.

Сафири Португалия аз сафари  ҳайати кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла  Тоҷикистон ба Лиссабон, ки чанде пештар ба вуқӯъ пайваста буд, ёдовар шуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои мулоқоту нишастҳои ҷонибҳо дар рафти ин сафар, дар ҳалли баҳсҳои мушкилоти ҳавзаҳои обии минтақа мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, сафири Тоҷикистон ҳамтои португалии худро бо таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар, азму талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ дар мавриди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, беҳдошти вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно намуда, дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи мо дар ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, Тоҷикистон манфиатдори рушди муносибатҳои неку судманд бо Португалия низ мебошад.

Дар поёни мулоқот, сафири Португалия дар Русия  Марио Годино Де Матос хабар дод, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро дорад, зеро интизор меравад, ки кишварашро аз ин пас дар ҷумҳурии мо низ намояндагӣ кунад.