Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар он масоили хоҷагидории шаҳр баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ба ҳалли мушкилоти марбут ба риояи қоидаҳои санитарӣ, экология ва роҳандозхии корҳои наҷотдиҳӣ дар обанбору кӯлҳо, ташкили истироҳати тобистонаи сокинони пойтахт, лагерҳои тобистона барои кӯдакон, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва фаъолияти пурсамари нақлиёти мусофирбар ҷалб намуд.

Ба қавли Саидов, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27-уми июн таҷлил мегардад, баррасӣ шуданд.

«М.Убайдуллоев ҳамчунин супориш дод, ки ба сафари нахустини расмии ҳайати шаҳри Сямини Чин ба Душанбе (рӯзҳои 19-23-юми июн) таҳти сарварии мири ин шаҳр Лю Кэсин омодагирӣ шавад.