Маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда то 15-уми январи соли оянда идома меёбад.
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маъракаи интихоботии ба санаи 15-уми феврал таъиншуда дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботии ҷумҳурӣ доир мегардад. «Ҳамагӣ 5 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад, ки дар онҳо 9 нафар аъзои нави палатаи болоии парлумон интихоб мегарданд», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.
Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.
Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва узви МММО ҶТ Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, КМИР то ҳанӯз санаи баргузории интихобо ба ҷойи ваиклони аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хориҷшуда Марҳабо Ҷабборова ва Амирбек Маҳмадалиевро муқаррар накардааст.
Вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ваколатҳояш дар палатаи поёнии парлумон маҳрум гардид. Дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ низ ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро меспорад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста