Дар мулоқоти имрӯзаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Масару Хонма ба Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонсро муаррифӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин бонк ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳоло 7 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ амалӣ мегардад, маблағи умумии онҳо беш аз 112 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ду ҷониб минбаъд низ метавонанд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ғайра ҳамкории босамар дошта бошанд.