Аз соати 10-00-и рӯзи 23-юми апрел дар шабакаҳои давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ пахши мустақими паёми сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, аз палатаи поёнии парулмони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки иҷлосияи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии ҶТ дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ каме пештар аз вақти муқаррарӣ – соати 9-30 дақиқа ба кор шурӯъ мекунад. Соати 10 дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ироаи паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон оғоз мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз вакилони палатаҳои поёнӣ ва болоии парлумон, ба маросими ироаи паёми сарвари давлат ба маҷмаааи «Кохи Ваҳдат» ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, аъзои ҳукумат, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат даъват карда шудаанд.

Маъмулан тамоми кормандони муассисаҳои давлатии кишвар паёми сарвари давлатро дар маҷлисгоҳҳо тариқи телевизиону радио тамошову гӯш хоҳанд дод.

Дар паёми ҳамасола ба парлумон сарвари давлат оид ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, самтҳои асосии рушди иқтисод, масоили бахши иҷтимоӣ дар соли ҷорӣ ибрози андеша мекунад.