Имрӯз зимни баррасии лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» дар палатаи поёнии парлумон раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки чанде аз моддаҳои амалкунандаи қонуни мазкур мухолифи Конститутсия мебошанд.

Ба қавли ӯ, тибқи баъзе маълумот, аз шумори умумии 4 млн. 22 ҳазор интихобкунандагони кишвар қариб 1,5 млн. нафарашон дар муҳоҷират қарор доранд, аммо тибқи меъёрҳои қонун, агар муддати 5 соли охир дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ накарда бошанд, онҳо барои пешбарии номзадии худ ба вакилӣ ҳуқуқ надоранд. «Ин нақзи мустақими Конститутсияи кишвар аст, ки ба ҳамаи шаҳрвандон, ба ҷуз баъзе истисноҳо, интихоб шудан ба вакилӣ дар тамоми сатҳҳоро кафолат медиҳад», - гуфт раиси ҲНИТ.

Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки дастрасӣ надоштани нозирони маҳаллӣ ба гирифтани нусхаи протоколҳои комиссияҳои интихоботӣ оид ба натиҷаҳои интихобот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мухолиф аст.

Раиси ҲНИТ таъкид намуд, ки ташаббуси кам кардани маблағи гаравпулии интихоботӣ ба ивази 4 ҳазор сомонии кунунӣ то 800 сомонӣ ба хотири назардошти вазъи иқтисодии аксари куллли аҳолии кишвар рӯйи кор омадааст.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала вакил аз ҲХДТ Галия Рабиева қайд кард, ки шаҳрвандони тайи 5 соли ахир муқими хориҷи кишвар аз моҳияити рӯйдодҳои ҷумҳурӣ огаҳ набуда, барномаи пешазинтихоботии худро дуруст таҳия карда наметавонанд.

Рабиева зикр кард, ки додани нусхаҳои протоколҳои комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ба 20 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ғайриимкон аст, зеро ин кор воситаву вақти хеле зиёдро тақозо мекунад. «Ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил кардани намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқи аҳзоби сиёсии камшумори кишварро поймол мекунад», - афзуд Г.Рабиева.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов зимни суханронӣ лоиҳаи аз ҷониби намояндагони ҲНИТ пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, изҳор кард, ки ҲКТ дар тамоми минтақаҳои кишвар бахшҳо дорад. «Чаро мо бояд интизор шавем, ки кай аҳзоби сершумор дар тамоми минтақаҳо бахшҳои худро таъсис диҳанд», - бо савол муроҷиат кард Шабдолов.

Дар идома ӯ зикр кард, ки масъалаи дар интихобот ҳуқуқи раъйдиҳӣ доштани муҳоҷирон ва дар ҳамин ҳол, аз ҳуқуқи пешбарии номзадиашон ба вакилӣ маҳрум будани онҳо ғайримантиқӣ аст.

Вакил аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров пешниҳод кард, ки дар оянда комиссияҳои интихоботии қитъавӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ғайриҳизбӣ ташкил карда шаванд.

Вакили парлумон аз ҲДТ Суҳроб Шарифов дар ин робита чунин изҳори андеша намуд: «Агар кӯшиши қабули суперқонунҳо дар Тоҷикистон тақвият ёбад, дар натиҷа мо мисли Гурҷистон ё Украина мешавем».

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳров қайд кард, ки дар тамоми кишварҳое, ки дар онҳо тавсияҳои Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) дақиқан иҷро мешаванд, «на ҳамеша ба демократияву оромӣ даст меёбанд».