Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби даргузашти собиқ президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе ба президенти ин кишвар Георгий Маргвелашвили барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки ҳарчанд таърих чандин пурпечутобҳои зиндагиро пеш оварда бошад ҳам, Эдуард Шеварднадзе дар он ҳамчун як чеҳраи барҷаста, арбоби сиёсии муосири ҳамон давра боқӣ мемонад.
«Хизматҳои марҳум аз ҷониби халқи Гурҷистон қадр гардидаанд, зеро ӯ дар ин кишвар, замоне роҳбарӣ мекард, ки дар он давра марҳилаи хеле вазнин буд», - зикр мегардад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Гурҷистон хоҳиш мекунад, ки ҳамдардии самимиашро ба мардуми Гурҷистон ва наздикону пайвандони марҳум бирасонад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста