Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асло рӯзи 18-уми сентябр ҳайати мудирияти ҳолдинги “Издон”-и Давлати Қатарро таҳти роҳбарии Раиси он шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвари дӯст, имкониятҳои сармоягузорӣ, таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, суғуртаи исломӣ, тандурустӣ ва бунёди фондҳои хайриявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷониби қатарӣ ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуд.