Ду нафар вакилони парлумони Тоҷикистон ба ҳайси нозир дар маъракаи интихобот ба сенат (палатаи болоӣ)-и парлумони Қазоқистон, ки 1-уми октябр доир мегардад, иштирок мекунанд.

Тавре як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод,узви палатаи болоии парлумон, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Дилшод Исматуллоев дар ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ҷараёни баргузории интихоботи мазкур мушоҳида хоҳанд кард.

Ба гуфтаи раиси дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон ва сармутахассиси комиссияи мазкур Далер Сафаров низ Тоҷикистонро ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ин интихобот намояндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки парлумони Қазоқистон аз ду палата: Сенат (палатаи болоӣ) ва Маҷлис (палатаи поёнӣ) иборат аст. Сенат 47 вакил дошта, 32 нафарашро вакилони маҷлисҳои маҳаллии вилоятҳо интихоб мекунанд. Боқимонда 15 нафари дигарро президенти Қазоқистон ба муҳлати 6 сол таъйин менамояд.