Шоҳбонуи  Дания Мари имрӯз бо сафари нахустин ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар сатҳи олӣ як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.

Бино ба маълумоти намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,

шоҳбону  Мари аз як қатор муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷумла рӯзи 23-юми октябр аз Маркази захиравии тренингии назди Пажуҳишгоҳи педиатрия ва  Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Варзоб боздид мекунад. Худи ҳамин рӯз малика дар ҷараёни хизматгузории тавонбахшии тиббӣ барои кӯдакони гирифтори бемории полиомиелит иштирок мекунад.

Рӯзи 24-уми октябр ш оҳбонуи  Дания бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, маркази солимии деҳот дар ноҳияи Ваҳдат ва Маркази миллии солимии репродуктивӣ шинос мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар ш оҳбонуи  Данияро мудири минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якаб, ки санаи 23-юми октябр ба Тоҷикистон меояд, ҳамроҳӣ мекунад.

Сафари ш оҳбонуи  Дания Мари ба Тоҷикистон то 25-уми октябр идома меёбад.