Дар ҳошияи сафар ба Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл дар шахри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Русия муддати 4 соат мулоқот орост.

Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов аз шаҳри Маскав хабар дод, дар ин мулоқот муовинони раиси палатаи болоии парлумони кишвар, раисони вилоятҳои Суғду ВМКБ Абдураҳмон Қодирӣ ва Шодихон Ҷамшед, муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои кишвар ва ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия, зиёиён, зодагони Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик низ ҳузур доштанд.

«Зимни мулоқот М.Убайдуллоев ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ ба намояндагони ҳукумати кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод», - гуфт Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, барои саҳм дар рушди кишвар М.Убайдуллоев аз номи раҳбарияти кишвар ба муҳоҷирони корӣ, роҳбарони диаспораҳо миннатдорӣ изҳор намуда, онҳоро ба риояи тартиботи будубош дар Русия, эҳтиром гузоштан ба расму оинҳои миллии ин кишвар, азхуд кардани забони русӣ ва огаҳӣ доштан аз таърихи кишвари будубош давъат намуд.

«Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик дархост намуд, ки аз ҳар гуна даъватҳои ифротгароӣ, ки ба ноором кардани вазъ дар ватан нигаронида шудаанд, худро канор гиранд», - афзуд Саидов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Маскав сафар кард .