Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенкот бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Ӯ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи оянда, 13 октябр ба Душанбе ташриф меорад.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар кори Форуми V байнулмилалии «Русия - Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар пойтахт доир мегардад, ширкат меварзад.

Дар доираи ин сафар ба Душанбе Валентина Матвиенко бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷики худ - раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, айни замон 83 субъекти Русия ба ин ё он гунае бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.