Президенти Русия Владимир Путин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо «Ордени Дӯстӣ» сарфароз гардонид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамчунин саҳми шахсӣ дар роҳандозии ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ҳарду кишвар бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст.

Рӯзи 13 октябр пас аз анҷоми кори Форуми панҷуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» раиси Шӯрои Федератсияи Русия ин мукофотро ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супурд.

Ёдрас мекунем, ки Валентина Матвиенко бо сафари дурӯза корӣ ба Тоҷикистон омада, дар доираи сафар бо президенти Тоҷикистон ва раисони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид кард.