Кумитаи умури байнулмилалӣ, мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) номзадии сафири нави ин кишварро дар Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Бино ба маълумоти хабаргузории 24.kg, сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Русенбеков таъин шудааст.
Ӯ Мирослав Ниёзовро, ки чор сол сари ин мансаб буд, иваз мекунад. Тавре хабаргузорӣ иттилоъ медиҳад, тасдиқи номзадии сафири нав бинобар сабаби анҷоми ваколатҳои Мирослав Ниёзов дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Мирослав Ниёзов соли 2014 ба мансаби сафир дар Тоҷикистон таъин шуд. Зимни супурдани эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ӯ он замон муҳимияти ҳалли масоили марзиро байни кишварҳо таъкид дошта буд.
Жаниш Рустенбеков айни замон сафири Қирғизистон дар Туркманистон аст. Санаи 25 сентябри соли 1949 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Маскав (соли 1973). Солҳои гуногун ба ҳайси котиби давлатии назди президент, губернатори вилояти Ош, вакили Маҷлиси намояндагони халқи Жогорку Кенеш, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистон фаъолият намудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста