Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода имрӯз ба шаҳр Брюссел раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ин сафар бо даъвати парламенти Аврупо ва парламенти Шоҳигарии Белгия барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо ва мулоқотҳои гуруҳҳои дӯстии парламенти Белгия ва Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
Гуфта мешавад, сафари мазкур то рӯзи 1-декабри соли ҷорӣ идома ёфта, вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа баромад мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба ҳайат ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, вакилони мардумӣ Насиба Содиқова, Ҳоким Холиқзода, Ҷаббор Ахмедов ва Шарофиддин Сироҷов шомиланд.
Иштирокчиёни ҷаласаи кумитаи ҳамкории парлумони Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар мавриди масоили муҳими байнулмилалӣ ва мушкилоти минтақавӣ, аз қабили мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, ифротгароӣ ва коррупсия, ҳамчунин оид ба вазъ дар Афғонистон, ҳифзи сарҳад ва масоили ҳадафҳои афзалиятноки Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ табодули назар мекунанд.
Бо ҳамтоёни худ аз парлумони Белгия вакилони тоҷик дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи парламентаризмро баррасӣ мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста