Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Бухарест 15 апрел  дар Конфронси сатҳи баланд  таҳти унвони “Ҳамбастагӣ барои рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ифтитоҳии чорабинии мазкур Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори минтақа ҷалб намуд.

Дар доираи кори конфронс ҳамчунин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Руминия Теодор Мелешкану доир гардида, Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ  ва  дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.