Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андӯҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид”.

“Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму  ифтротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем”, - омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ба наздикону пайвандони қурбоншудагон ҳамдардиву тасаллияти амиқ изҳор намуда, ба  ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари як силсила амалҳои террористӣ рӯзи 21 апрел дар ибодатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои Шри-Ланка беш аз 290 нафар ҳалок шуда, теъдоди захмиён наздики 500 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ифротгаро то ин дам масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст. Ба гумони даст доштан дар ин амалҳо 13 нафар дастгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.