Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон ба муносибати интихоб гардиданаш ба вазифаи Роҳбари Ҳизби консерваторон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки Тоҷикистон густаришу таъмиқи равобити ҳамкориро бо Британияи Кабир дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати худ медонад.


“Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо ба ҳайси Сарвазир бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии кишварҳои мо ҷанбаҳои нави судмандро фаро хоҳад гирифт, - омадааст дар барқия. - Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳо бо Британияи Кабир дар сатҳҳои мухталиф саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад”.

Борис Ҷонсон ҷонибдори аз 31 октябр аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо хориҷ шудани Британияи Кабир аст, сарфи назар аз қабул ё қабул нашудани созишнома дар ин хусус.

Охири моҳи май сарвазири амалкунанда Тереза Мэй эълом дошт, ки ба истеъфо меравад. Барои мувофиқа карда натавонистани шартҳои хориҷ шудани Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо ӯ маъзарат хост.

Аз ҳамон замон маросими интихоби пешвои нави Ҳизби консерваторон идома дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.