Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфт.

Тавре таъкид гардид, наздик ба панҷ сол аст, ки БОСИ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот доир ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва бонки мазкур дар самти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаи «Таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Бонк дар оянда низ дастгирӣ ёфта, сармоягузорӣ мегарданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика ва экология таҳия ва амалӣ мегарданд, табодули афкори судманд анҷом доданд.