Зимни вохӯрии муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи суръатбахшии корҳои таъин ва аломатгузории хати марзи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ин вохӯрӣ дирӯз дар шаҳри Ботканд пас аз тавофуқоти 11-уми октябр дар Ашқобод ҳосилшудаи байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Тавре хабаргузории kabar.kg иттилоъ медиҳад, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов зимни мулоқот оид ба суръатбахшии корҳои муайянсозии хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар карданд.

Онҳо қайд карданд, ки дар ин самт гурӯҳи кории доимо амалкунанда баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои мушаххас дар ҳалли ҳарчи зудтари таъин ва аломатгузории хати марз фаъолият хоҳад кард.

Роҳбарони ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон барои анҷоми корҳо дар доираи гурӯҳҳои амалкунандаи коршиносон оид ба масоили харитасозӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба кор шурӯъ кардаанд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.