Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва вакили палатаи поёнии парлумон Абдуназар Хисрав ба ҳайати нозирони байнулмилалии маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Беларус шомил шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, онҳо дар ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеия байнипарлумонии ИДМ маъракаи интихобот ба парлумони Беларусро пайгирӣ хоҳанд кард.

Маъракаи интихобот ба Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус даъвати ҳафтум 17-уми ноябри соли 2019 баргузор мешавад.

Комиссияи марказии интихоботи Беларус рӯи 31-уми октябр дар бораи номзадҳои сабтшуда ба вакилӣ маълумот нашр кард. Барои 110 курсӣ дар Палатаи намояндагон ҳамагӣ 560 нафар довталабӣ мекунанд.

Байни номзадҳо 32 вакили амалкунандаи Палатаи намояндагон ҳузур доранд. Ҳамин тариқ, ҳайати Палатаи намояндагон метавонад 71% ба таври қобили мулоҳиза нав шавад. Ғайр аз ин, 27 дарсади номзадҳои сабтшударо занон ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.