Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи аввали имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тошканд меравад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар пойтахти Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии роҳбарони ҳукуматҳои мамолики аъзои Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) иштирок мекунад.

Дар доираи кори ҷаласа Қоҳир Расулзода як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ баргузор мекунад.

Дар назар аст, ки сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ-ро раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур мепазирад.

Дар ҷаласаи Тошканд баррасии густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобила бо мақсади ҳалли масоил оид ба ташаккули иқтисоди ҷаҳонии боз ва таҳкими низоми бисёрҷонибаи савдо, ки ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат асос ёфтааст, дар назар аст.

Дар ҷаласа сарвазирон оид ба амалисозии барномаи Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, саноат, молия, бахши кишоварзӣ, гумрук, телекоммуникатсия ва ғайра табодули назар мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа тасдиқи регламенти консорсиуми марказҳои таҳлили иқтисодии СҲШ, имзои Тафоҳумнома байни котиботи СҲШ ва Созмони ғизо ва кишоварзии СММ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайати СҲШ шомил буда, Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон дар он мақоми нозир доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.